Ҳунармандони ноҳияи Роштқалъа бо либоси нави театрӣ дар назди ҳаводорон ҳунарнамоӣ мекунанд
ХОРУҒ, 17.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа дар маҳфили навбатии худ, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо либоси нави театрӣ дар назди ҳаводорони худ ҳунарнамоӣ мекунанд. Таҷҳизоти нави мусиқӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки матн ва оҳангашонро низ тозаву гушнавоз ба самъи мухлисони худ расонанд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа Фирдавс Саъдоншоев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки чунин шароит бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ки сарпарасти ноҳия ба ҳисоб меравад, насиби онҳо гардид. “Он либосу таҷҳизоти техникии мусиқие, ки онҳо доштанд, чандин даҳсола истифода бурданд ва акнун ба замони муосир чандон ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд барномаҳои фарҳангии худро мутобиқ ба замон таҳия мекунанд, аммо бештари тамошобинон ба ороиши саҳна ва тарзи лисбопӯшии ҳунармандон низ аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ, сарояндагону навозандагон ҳам худро дар назди мухлисонашон ноҳинҷор ҳис мекунанд», илова намуд ӯ.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 70 адад либосҳои саҳнавӣ ва ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникии мусиқиро дар ихтиёри ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа гузошт. Як сол қабл аз ин, вазорати мазкур барои ҳунармандони хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Гадоалӣ Қурбоншоеви ин ноҳия асбобҳои мусиқии миллиро низ туҳфа карда буд.
Ҳамчунин дар давоми панҷ соли охир Вазорати энергетика ва захираҳои об як пули мошингузар, як майдончаи варзишӣ, роҳи мошингузар дар масофаи панҷ километрро дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.










Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






