Вазорати фарҳанг озмуни ҷумҳуриявии драманависон дар соли 2020-ро эълон кард

Январь 14, 2020 11:29

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон намуд. 

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, қабули асарҳо ба озмун аз 15 январи соли равон оғоз гардида, то  15 сенябр идома меёбад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур рушди драматургияи миллӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва тарғиби санъати театрӣ дар мамлакат мебошад.

“Асарҳо дар се нусхаи чопи компютерӣ қабул карда мешавад. Асарҳои пешниҳодшаванда бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакатро дар замони истиқлолият дар бар гиранд”, — афзуд манбаъ.

Ғолибони  озмун барои ишғоли  ҷойи якум – 8 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 6 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 4 ҳазор сомонӣ  мукофот хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин се ҷоизаи ҳавасмандгардонӣ ҳар яке – 1000 сомонӣ муқарар гардидааст.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал ва пешниҳоди мавод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки драма як жанри адабӣ, саҳнавӣ, синамоӣ ва дар адабиёти асрҳои 18-21 хеле маъмул буд. Бо пайдоиши синамо, он низ ба ин шакли санъат гузашт, ки яке аз жанрҳои паҳнгаштаи синамо гардид. Дар драмаҳо, одатан зиндагии шахсии инсон ва муноқишаҳои иҷтимоии ӯ ба таври мушаххас тасвир карда мешаванд.

Январь 14, 2020 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид