Азизулло Исматзода: «Агентии хоҷагии ҷангал ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ диққати ҷиддӣ медиҳад»

Февраль 4, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои  маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим  хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад имрӯз дар 5 Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангали низоми Агентӣ кӯчату ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда парвариш мешаванд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти хабарӣ директори  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода баён дошт.

Ба иттилои Азизулло Исматзода, то имрӯз ба миқдори беш аз 1 ҳазору 745 бех ниҳоли қарағоч, писта, чормағз, хуч, санҷит, ангат, зелол, шулаш, акатсия, булут, каштан, айлант, шумтол, сафедор, дроки испанӣ ва мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, зардолу, олу, хурмо, шафтолу, ангур, анор ва ғайра барои шинонидан ва фурӯш тайёр мебошанд.

«Аз миқдори умумии кӯчату ниҳолҳои парваришгардида бештарашро дарахту буттаҳои ҳамешасабз ташкил медиҳанд.  Асосан дарахтони  сӯзанбарг зиёда аз 517 ҳазор бехро ташкил намуда, имрӯз барои шинонидан ва фурӯш омода мебошанд»,- иброз дошт директори  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Февраль 4, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд