Ба Барномаи нави давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ боби махсус ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар нишаст Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух дод.
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи тафовути «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» аз барномаҳои қаблии он муовини якуми вазир Эмин Сангинзода посух дода, зикр кард, ки «агар барномаҳои қаблии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ду солро дар бар мегирифтанд, барномаи нави он барои се сол тарҳрезӣ шудааст».
Эмин Сангинзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки Барномаи нав имкони дарбаргирии 198 ҳазор шаҳрвандро дорад. Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ба Барномаи мазкур боби махсус ворид гардидааст. Ҳадафи шомилсозии боби мазкур рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандоне мебошад, ки ба омӯзиши онҳо шавқу рағбат доранд.
«Тибқи Барномаи нави мусоидат ба шуғли аҳолӣ 12 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардида, ба 1510 нафар шаҳрвандоне, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкориро дар ҷодаи ҳунарҳои мардумӣ доранд, қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Ҳамчунин 37 ҳазору 800 нафар шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, дар се соли оянда дар муассисаҳои «Маркази таълими калонсолон»-и низоми вазорат 54 ҳазору 338 нафар шаҳрванд ба таври ройгон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд», — афзуд муовини вазир.
Дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2019 бо дахолати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 20 млн. 523 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 34 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Инчунин бо мусоидати намояндагӣ зиёда аз 12 450 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин гардиданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 дар истеҳсолот 79 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ 56 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 51 кас ба ҳалокат расидаанд. Ҷуброни зарари расонидашуда ба маблағи 2 млн. 192,8 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумакпулиҳои яквақта ба оила ва кумакпулиҳои ҳармоҳа ба ашхоси ғайри қобили кори таҳти саробонии фавтидагон қарордошта муайян ва пардохт карда шуд.








Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ






