БАТР барои таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод 150 млн. доллар ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод» ба имзо расид. Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова имзо карданд.
Тавре аз Вазораи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағи созишномаи мазкур 150 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Мақсади асосии баимзорасонии созишномаи мазкур ин сохтмони қитъаи Тагикамар – Нуробод тақрибан 44 км шоҳроҳи дорои хатҳои дутарафаи иқлимӣ, 1 нақб (2,6 км), 1 купрӯки муваққатӣ ва сохтмони тақрибан 40 км роҳҳои маҳаллии ҳамафасла мебошад.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






