Дар Душанбе ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии Литсейи№3 шаҳри Душанбе бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат аз ҷараёни баргузории ин маросим гузориш медиҳад, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, роҳбарияти Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт, инчунин ғолибони олимпиадаҳо ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ифтитоҳи маросим иброз намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хонандагону наврасон ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ пайваста тадбирҳои муҳим роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе дар се соли охир дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе марказҳои рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, бо лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд».
Мавсуф зикр намуд, ки соли 2019 дар шаҳри Душанбе шаш намуди олимпиадаи фаннӣ ва зеҳнӣ, инчунин бо ҷалби 2 ҳазор нафар хонандагон олимпиада оид ба шоҳмот баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда аз солҳои қаблӣ зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми Тоҷикистон иброз намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Ва ҳамасола олимпиадаҳои дақиқ ва риёзиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадордонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд».
Ташкил ва баргузории олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалби хонандагони болаёқат ба донишандӯзию илмомӯзӣ мебошад. Дар ин самт Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст.
Сипас аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ ба ғолибони чор номинатсия- «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагон», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Speeling Bee» ва ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба шоҳмот ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи номинатсияи «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» Литсей-интернати Президентӣ бо ба даст овардани 43 ҷои ифтихорӣ, Литсейи Ҳотам ва ПВ бо 32 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат бо 28 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №74 бо 28 ҷойи ифтихорӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо 23 ҷойи ифтихорӣ, Литсей №2 барои хонандагони болаёқати бо 21 ҷойи ифтихорӣ ва аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт- Муассисаи таҳсилоти миёнаи уумии №55 бо 21 ҷои ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бо 18 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо 15 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 16 бо 14 ҷойи ифтихорӣ дастаҳои беҳтарини олимпии муассисаи таълимӣ дониста шуданд.
Инчунин барои таълим ва тарбияи онҳо дар даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагон 12 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо ифтихорнома ва роҳхат қадрдонӣ гардиданд.










Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






