Дар Кореяи Ҷанубӣ барои муқовимат ба паҳншавии коронавирус қонун қабул гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси Миллии (парламенти) Ҷумҳурии Корея қонунеро қабул кард, ки муовофиқи он ҳукумат метавонад дар сурати бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар чораҳои вобаста ба коронавируси навро тақвият бахшад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии YTN иттилоъ додааст.
Акнун, дар сурати нарасоии ниқобҳои тиббӣ ва воситаҳои тамизкунанда ҳукумат метавонад содироти ин молҳоро манъ созад, ҳамчунин аз кишварҳое, ки шароити эпидемиологиашон ноамн аст, вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламрави Ҷумҳурии Корея боздорад.
Ба ҷуз ин, қонун барои пурзӯр намудани ҷазо ба шахсоне, ки аломати сироят дошта, аз карантин саркашӣ мекунанд, замина гузошт. Ҳамчунин қонуни мазкур шаҳрвандонеро, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштан намехоҳанд, маҷбуран аз ташхиси тиббӣ мегузаронад.
Мутобиқи маълумоти охир, дар Ҷумҳурии Корея 1146 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 12 нафар ҳалок гаштаанд. Аксари ҳолатҳои мубталошавӣ дар шаҳри Тег ва вилояти ҳамсояи Кёнсан-Пукто сабт шудаанд.
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






