Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд. Ин Озмун дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик» роҳандозӣ гардидааст. Ҷоизаи мазкур дар рӯзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолиби (ғолибони) озмун супурда мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар озмун кормандони воситаҳои ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш панҷ сол ба он шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд довталабӣ намоянд.
Муаллифон имкон доранд ба озмун маводи худро, ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, аз ҷумла силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба эҷод гардидаанд ва дар матбуоти даврии қаламрави вилояту ҷумҳурӣ дар соли 2019 ба нашр расидаанд, пешниҳод намоянд.
Маводи журналистон, ки дар озмуни вилоятии рӯзноманигорон таҳти унвони «Хомаи созанда – 2019» пешниҳод шуда, ғолиб дониста нашудаанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






