Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш-фурӯши китоб ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамин лаҳзаҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз ҷониби нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китоб ҷараён дорад. Дар он аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омадаанд. Дар намоиш-фурӯши имрӯза асарҳои зиёди нависандагони тоҷик ва адабиёти хориҷӣ ба намоишу фурӯш гузошта шудаанд.
Тавре директори нашриёти мазкур Давлат Сафар дар саҳифаи фейсбукии худ хабар медиҳад, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр аз соати 8 оғоз гардида, то соати 13 дар бинои Театри опера ва балет идома меёбад. Дар намоиш-фурӯш 200 номгӯй китоб, ки фарогири мавзӯъҳои мухталиф буда, 5000 нусхаро ташкил медиҳанд, пешниҳоди дӯстдорони мутолиа гардидаанд.
Толибони китоб имрӯз имкон доранд, ки дар китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта, ҳамзамон бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба китобҳои тозанашр маълумоти муфассал пайдо намоянд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






