ДАР ВКХ КОР КАРДАН МЕХОҲЕД? Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон намуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холии зерин озмун эълон намуд:
- мутахассиси Шуъбаи иттилоот, нашрияҳои чопӣ ва электронии Раёсати иттилоот ва матбуот – 1 ҷой;
- мутахассиси Шуъбаи назорати коргузории Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
- мутахассиси Раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
- мутахассиси Раёсати корҳо – 1 ҷой;
- мутахассиси Шуъбаи дастгоҳи марказии Раёсати кадрҳо – 1 ҷой;
- мутахассиси Шуъбаи Африкаи Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африка – 1 ҷой;
- атташеи Раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
- атташеи Шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 1 ҷой;
- атташеи Шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;
- атташеи Шуъбаи таҳияи сафарҳо ва маросимҳои Раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми Шуъбаи тадқиқоти стратегии Раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой;
- котиби сеюми Шуъбаи кишварҳои Осиёи Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором – 1 ҷой;
- котиби сеюми Шуъбаи кишварҳои Америкаи Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой;
- котиби дуюми Шуъбаи ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой;
- котиби дуюми Шуъбаи масъалаҳои ҳуқуқии Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ – 1 ҷой;
- котиби дуюми Шуъбаи Созмони Ҳамкории Шанхай – 1 ҷой.
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассис – 804 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1200 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1323 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— на кам аз 3 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 4 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ;
— донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
— дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- на кам аз 2 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби атташе
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- на кам аз 1 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ, кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ Word, Excel, Power Point ва дигарҳо.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон:
- донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
- малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
- малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
- унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).
Хоҳишмандон метавонанд ба Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- 1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи Вазири корҳои хориҷӣ;
- Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
- Тарҷумаи ҳол;
- 2 дона расми ранга (4,5 х 6,5);
- Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
- Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Маълумотномаи тиббии №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
- Эъломия оид ба андоз аз даромад;
- Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ (барои шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд);
- Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
- Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
Ҳуҷҷатҳо то 11 феврали соли 2020 қабул карда мешаванд.
Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 227-75-32; 221-70-27
Суроғаи электронӣ: ozmun@mfa.tj








Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд






