Директори КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода: «Мо барои рақобати солим омода ҳастем»

Февраль 3, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ  беш аз 21 ширкати хусусӣ фаъол ҳастанд ва ин хуб аст, зеро рақобат омили рушд мебошад. Мо барои рақобати солим омода ҳастему масъулиятро бештар эҳсос мекунем. Ин нуктаро директори Корхонаи Воҳиди Давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат  Мақсудзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.

Мавсуф афзуд, ки  корхонаи мазкур  соли сипаригашта аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта беш аз 32,6 миллион сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид намуд ва иҷрои воридоти ҳаққи суғуртавӣ 101,5 фоиз таъмин карда шуд.

Ба иттилои номбурда, аз маблағи умумии воридшуда беш аз 34 фоиз ҳатмӣ ва қариб 66 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта тааллуқ  доранд. Дар ин баробар ӯ афзуд, ки корхонаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ ба 5 ҳазору 961 нафар суғурташудагон ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ ҷуброн пардохт намудааст.

Дар баробари ин зикр гардид, ки шумораи умумии кормандони воҳидӣ ва шартномавӣ дар «Тоҷиксуғурта» 715 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 34 фоизашон занон ва 15 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар мавриди он ки фоизи кормандони ҷавон дар «Тоҷиксуғурта» кам мебошад,  роҳбарияти корхона иброз дошт, ки тасмим дорад сафи кормандони ҷавонро зиёд намояд. Ҳамчунин ба  онҳо кормандони собиқадори ин  корхона аз таҷрибаи хеш дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд.

Соли сипаригашта ҳамчунин КВД «Тоҷиксуғурта» ба оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва нафақахӯрону собиқадорони корхона дар маҷмӯъ ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонидааст.

Февраль 3, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд