ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Вазири нави маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода фаъолиятро аз баррасии ҷалби хонандагон ба китоб оғоз намуд

Февраль 6, 2020 18:05

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар партави ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, дирӯз бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 ба тасвиб расид.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Бо дарназардошти ин, Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода аз рӯзҳои нахустини оғози фаъолият диққати асосиро ба масъалаи ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва ба ин васила боло бардоштани сатҳи таълиму тарбия равон сохта, дар ҷаласае натиҷаи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-ро баррасӣ намуд. Дар ҷаласа роҳбарияти вазорат доир ба ҳадафи лоиҳа ва ҷараёни татбиқи он дар соҳаи маориф сухан ронда, зикр намуданд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур як қатор корҳоро анҷом дод.

Роҳбари Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар Тоҷикистон Терри Ҷайлз дар ин ҷаласа оид ба фаъолияти он маълумот дода, зикр намуд,  дар самти омода намудани китобҳои бадеии бачагона, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия гардида буданд, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Вобаста ба ин бо муаллифон, рассомон ва ороишгарон семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуда, ба онҳо ҷиҳати таҳияи китобҳои ба синну соли хонандагон мувофиқ дастуру тавсияҳо дода шуд. Ҳамзамон дар семоҳаи охири соли 2019 ва аввали 2020 аз ҷониби лоиҳа 93 номгӯй китоб чоп ва харидорӣ гардидааст, ки аз ин 72 номгӯй бо забони тоҷикӣ ва 21 номгӯй бо забони русӣ мебошад.

Дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем», ки аз ҷониби USAID татбиқ мегардад, муовини якум ва муовини Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён ва Латофат Назирӣ, директори минтақавии USAID Пол Ричардсон, роҳбари Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар Тоҷикистон Терри Ҷайлз ва дигар намояндагони Вазорат, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» иштирок намуданд.

Февраль 6, 2020 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад