Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 феврал то 2 март гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунанд. Ба гурӯҳи нозирон намояндагони парлумон аз ҳафт кишвари Иттиҳод шомил мегарданд. Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Олга Гнездилова хабар дод.
Барномаи кории онҳо: мулоқот бо роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҳизбҳое, ки дар интихобот иштирок менамоянд. Рӯзи овоздиҳӣ — аз лаҳзаи боз кардан то ҳисоби ниҳоии овозҳо, гурӯҳи нозирон раванди баргузории ин маъракаро дар участкаҳои интихоботӣ назорат мекунад.
Нозирони ассамблеяи байнипарлумонӣ кӯшиш мекунанд, ки ба маъракаи интихобот баҳои воқеӣ диҳанд. Онҳо ба таври ошкоро фаъолият намуда, омодаанд дар бораи тарзу усулҳои назорати интихобот дар Маҷлиси намояндагон суҳбат кунанд, таассуроти худро дар бораи вохӯриҳо ва равандҳои дар участкаҳои интихоботӣ рухдода баён намуда, ба саволҳои журналистон посух диҳанд ва дар намоишҳои мустақим дар телевизион ва радио ширкат кунанд.
Дар ҳайати миссияи АБП ИДМ мушовири Дабири кулли Котиботи Ассамблея Павел Пашнов фаъолият хоҳад кард.








Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






