ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 феврал Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки пагоҳ 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода оид ба рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ба роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Россия дар ҳайати аъзои он Сергей Сироткин, Маҷлиси парламентии Иттиҳоди Россия ва Беларус таҳти роҳбарии Владимир Круглий, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитски ва Ҳамоҳангсози гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз ин созмон, муовини спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов, роҳбари гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Думаи Давлатии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанони палатаи поёнии парламенти Россия Леонид Калашников маълумот дод.
Инчунин дар вохӯрҳо масъалаҳои марбут ба баргузории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода иброз дошт, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои ИДМ мавқеъ ва моҳияти хос дорад. Вобаста ба ин, ҷумҳурии мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаҳои ҳарчи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар тамоми фазои ИДМ фароҳам оварад.
«Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии мамлакат тамоми чораҳои заруриро барои баргузор намудани интихоботи озоду шаффоф андешидааст. Дар ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ дирӯз ба охир расид ва пагоҳ интихобкунандагон аз соати 6 субҳ то 20 бегоҳ метавонанд ба участкаҳо ҳозир шуда, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, ба номзадҳои шоиста овоз диҳанд»,- илова намуд Бахтиёр Худоёрзода.
Роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ аз дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайи солҳои охир ва табдил ёфтани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати оромтарину босуботтарини минтақа изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. Инчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки пешбарӣ гардидани шумораи зиёди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз ҳам мавқеи устувортар пайдо карда, барои минтақа нақши созанда ва ибратбахш дошта метавонад.
Дар мулоқот ҷонибҳо якдилона иброз намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.















ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






