Коршиносон Барномаи нави миёнамуҳлати рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Февраль 7, 2020 16:05

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба татбиқи банди 6-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр гардидаанд, таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ҷаласаи аввали Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи сеюм вобаста ба таҳияи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки ҳамчун марҳилаи дуввуми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад, баргузор гардид. 

Тавре аз Вазорати мазкур  ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа намояндагон аз вазорату идораҳо, ки узви Гурӯҳи кории номбурда мебошанд, инчунин намояндагони Агентии байналмилалии ҳамкории Япония “JICA” иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа- ин шиносоии гурӯҳи кории зинаи сеюм бо лоиҳаи сохтори пешакии лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва муайян намудани фаъолияти минбаъдаи гурӯҳҳои кории байниидоравӣ тибқи Низомномаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа рӯнамои лоиҳаи сохтори Барномаи миёнамуҳлати навбатӣ муаррифӣ шуда, вобаста ба он вазорату идораҳо ва намояндагони Агентии “JICA” ибрози ақида намуданд.

Ба иттилои сардори Раёсати  рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии  Вазорати рушди иқтисод ва савдо Сулҳоншоҳ  Ҳамидов, барои таҳияи лоиҳаи нави Барномаи миёнамуҳлат гурӯҳи корӣ дар се сатҳ таъсис дода шудааст. Сатҳи  якуми гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва сатҳи дуввум таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо иштироки муовинони сарпарасти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коршиносони миллию маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ва гурӯҳи сеюм таҳти роҳбарии муовини сарпарасти вазир бо иштироки сардорони вазорату идораҳо тасдиқ шудаанд.

Ҷаласаи дирӯза масъалаҳои стратегӣ ва ҳамзамон рӯзмарраи мамлакат, яъне таъмини рушди устувор, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти некӯаҳволии мардумро дар заминаи ҳадаф ва афзалиятҳои рушди муайяншуда фаро мегирад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда шуда буд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, бо ҷалби коршиносон ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷадвали матрисаи амалиёти “Барномаи  миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”-ро бо роҳи муайян кардани индикаторҳои фосилавӣ, натиҷавӣ ва арзёбӣ дар доираи соҳаҳо такмил дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва корбарии минбаъда ба вазорату идораҳои пешниҳод намояд.

Ҳадафи асосӣ аз такмил додани матрисаи ҷадвали амалиёт- ин дуруст ба роҳ мондани татбиқи Барномаи мазкур дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошад.  Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 механизми татбиқи марҳилаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб ёфта, дар заминаи ташаббуси гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт анҷом дода мешавад.  Бо мақсади пурра расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» се барномаи миёнамуҳлат таҳия ва татбиқ мегарданд. Марҳилаи аввали он барои солҳои 2016-2020, марҳилаи дуюм барои 2021-2025 ва марҳилаи сеюм барои солҳои 2026-2030 ва ҳоло марҳилаи навбатии он дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор дорад, ки охири соли ҷорӣ татбиқи чорсолаи он  натиҷагирӣ карда мешавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид