Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд.
Мақсад аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ — ин қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии онҳо, рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, довталабони то 35-сола ҳуқуқи дар озмун иштирок намудан доранд. Дар озмун ба тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 25 майи соли 2020, соати 17:00 муайян шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 2351025, 2360117, 2351953, 2363726, 987565785 дар тамос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.








«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад






