«Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская» дар намоишгоҳи «ProdExpo-2020» соҳиби ду медали тилло гардиданд

Февраль 17, 2020 10:15

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Обҳои ташнагишикани «Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская»-и  ширкати «Евро Азия-2005»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар  доираи намоишгоҳи «ProdExpo-2020»  дар шаҳри Москва доир шуд,  соҳиби 2 медали тиллоӣ гардиданд. Дар ин хусус  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Назар ба иттилои сарчашма, ҳамзамон созмондиҳандаи ширкати «Евро Азия-2005»-барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ бо медал сарфароз гардид. 27-умин намоишгоҳи  байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ProdExpo-2020» аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон аз навоҳии  тобеи марказ вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли  нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.

«ProdExpo-2020»  бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Россия ва Аврупои Шарқӣ  арзёбӣ гардида, тибқи иттилои манбаъ, намоишгоҳи «ProdExpo-2020»   беш аз 2600 иштирокчиро аз 70 кишвари ҷаҳон дар Москва ҷамъ  оварда буд.

Февраль 17, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид