Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо шаҳдори Кавасаки Япония
ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов ба шаҳри Кавасаки сафари корӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо шаҳрдор Фукуда Нориҳико баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиву тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.
Инчунин 26 феврал Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Кавасаки Шиничи Накаяма вохӯрӣ кард.
Дар мулоқот роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат ва энергетика табодули назар сурат гирифт.
Сафир дар бораи дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот дода, аз доираҳои сармоягузор ва соҳибкорони японӣ даъват намуд, то дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳмгузор бошанд.








Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд






