Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия
ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Куала Лумпур вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, обу энергетика, саноат, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун мутахассисони бо маълумоти сатҳи байналмилалӣ дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Аз ҷумла, зикр намуд, ки соли 2020 барои ояндаи Тоҷикистон ва мардуми он соли муҳим маҳсуб мешавад. Аввали моҳи март интихоботи вакилони Парлумони Тоҷикистон ва охири соли 2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Вазир ба донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Малайзия таҳсилу фаъолият менамоянд, муроҷиат карда, изҳор дошт, ки тамоми шаҳрвандони Точикистон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз бояд бо ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намоянд.
Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






