Муовини аввали Вазири фарҳанг Обид Назариён: «90 фоизи донишҷӯён бо майли том дар маъракаи омодагӣ ба идҳои давлатӣ ширкат меварзанд»
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён хабари дар ВАО паҳншударо, ки гӯё донишҷӯёни донишгоҳҳо дар тамринҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ маҷбуран ширкат меварзанд, рад намуд.
«Ширкати донишҷӯён дар тамоми тамринҳо ихтиёрист»,- зикр намуд Обид Назариён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2019.
Ба қавли ӯ, донишҷӯёнро касе зӯран ба тамринҳо намебарад, интихоб аз ҷониби худи онҳост.
«Дар ҷараёни мулоқоту суҳбатҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ мо пайваста масоили ширкати онҳоро дар маъракаҳои омодагӣ ба ид муҳокима менамоем. Дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо оид ба масъалаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Бо эътимоди комил мегӯям, ки 90 фоизи донишҷӯён ба тамринҳо бо майли том мераванд»,- гуфт муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамасола дар Тоҷикистон барои ширкат дар идҳои миллӣ ва давлатӣ ҷавонон аз донишгоҳҳои гуногун ҷалб мешаванд. Ин на танҳо барои дар сатҳи олии фарҳангию ташкилӣ баргузор гардидани ҷашнҳо мусоидат менамояд, балки донишҷӯёнро боз ҳам муттаҳид намуда, рӯҳияи ватандӯстиро дар онҳо бештар тарбия менамояд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






