Нахустин Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 апрел дар пойтахт якумин Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» баргузор мешавад. Баргузоркунандагони кинофестивали мазкур Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошанд. Мувофиқи талаботи Кинофестивал дар он филмҳо аз дигар давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ ва бародаршаҳрҳои Душанбе иштирок карда метавонанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, барномаи кинофестивал аз озмуни байналмилалӣ ва озмуни миллии филмҳои тоҷикӣ, саросарнамои (панорамаи) филмҳои ғайриозмунӣ иборат мебошад.
Барои иштирок дар Кинофестивали байналмилалии «Душанбе», ки бори аввал баргузор мешавад, аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Бангладеш, Беларус, Украина, Германия, ИМА, Арманистон, Туркия ва Гурҷистон 85 дархост пешниҳод шудааст.
Ҳайати Кинофестивали «Душанбе» қабули филмҳоро аз миёни 85 дархост аввали моҳи март тариқи расонаҳо эълон хоҳад кард.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






