Саҳми занону духтарони ихтироъкор дар соҳаи илм меафзояд
ДУШАНБЕ, 23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миёни тамоми илмҳо, илми табиатшиносӣ мавқеи хос дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо дарки он, ки барои таҳлилу баррасии мавзӯъҳои илмӣ ва аз худ кардани донишҳои мукаммал як ё ду солро бахшидан нокифоя аст, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон намуданд.
Вазъи кунунии омӯзиши илмҳои табиатшиносию дақиқ дар кадом сатҳ қарор дорад ва дар пайравӣ ба ин пешниҳоди Пешвои миллат кадом тадбирҳоро андешидан зарур аст, то ҳарчи зудтар ба ин ҳадаф ноил гардем? Посух ба ин савол тарбия намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳамин соҳаҳо мебошад. Имрӯз олимону олимаҳо, муҳаққиқон ва ихтироъкорони тоҷик низ доир ба илмҳои дақиқ кор карда истодаанд ва сафи онҳо дар ҷомеа пайваста меафзояд.
Яке аз чунин олимаҳои ҷавон Меҳринигори Булбулназар мебошад, ки соли гузашта дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар 12-умин намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занони ихтироъкор иштирок намуда, соҳиби медал ва ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид.
Номбурда докторанти РhD-и факултаи билогияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба сифати корманди кафедраи химияи факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият дорад.
“Ман ҳамчун докторант дар мавзӯи “Тарзи ҳосил кардани ранг аз маводи растанӣ” оид ба пайвастагиҳои узвҳои пахта тадқиқот бурда истодаам. Ин бори аввал аст, ки мо реша, поя ва ғӯзаи пахтаро гирифта, чен карда, то 3-5 мм онҳоро барчида, то 9 грамм баркашидем. Баъд дар ҳарорати 70 -80 дараҷа дар муддати 2 соат ранг ҷудо гардид, ки онро гирифта, филтр кардем, то хунук шавад. Дертар онро гирифта, дар як матоъ молида, дар об шустем, аммо ранг тоза нашуд, яъне сифаташ хуб буд”.
Номбурда зикр кард, ки барои бо сифати хуб истеҳсол намудани ашёи пахтагин бояд аз чунин рангҳо истифода намуд. Ӯ гуфт, ки “дар оянда мо мехоҳем ин ихтироотро ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, хусусан корхонаҳое, ки матои пахтагин мебароранд, тавсия диҳем, то аз ранги табиӣ истифода карда, маҳсулоти босифати бозоргир истеҳсол намоянд”.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакати мо саноатикунонии ҷумҳурӣ мебошад.
Эълони «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ҷавононро ҳавасманд месозад, то ихтирою навовариро зиёдтар карда, онро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муаррифӣ намоянд ва дар саноатикунонии мамлакат саҳми худро гузоранд.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”









ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






