Суғд: бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ озмуни «Ватанпарвар» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода афсарону аскарони қисми ҳарбии мазкур ва иштирокдорони озмунро ба ифтихори солгарди таъсиси Артиши миллии мамлакат табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ — дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич, Конибодом ва Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 бахш – машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, таҳияи варақаи ҳарбӣ – ватанпарастӣ бо ҳам мусобиқа намуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои озмун ҷойи аввал насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ҷойи дуюмро дастаи шаҳри Конибодом ишғол намуда, мақоми сеюм ба дастаи шаҳри Истаравшан дода шуд. Дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич барои ширкати фаъолона бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни мазкур тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 27 январи соли 2020 дар се давр — шаҳрӣ (ноҳиявӣ), минтақавӣ ва вилоятӣ гузаронида шуд.
Ғолибони озмун моҳи июн вилояти Суғдро дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» намояндагӣ мекунанд.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






