ҲУШДОРИ БДА: Агар ронандагон қоидаҳои таваққуфро вайрон кунанд, эвакуатор мошинашонро ба ҷаримагоҳ мебарад ва худашон муҷозот мешаванд

Февраль 2, 2020 08:35

ДУШАНБЕ, 02.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла қоидаҳои таваққуфро риоя намекунанд, мутобиқи моддаи 346-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 то 2 нишондиҳанда, яъне аз 58 то 116 сомонӣ ҷарима баста мешаванд. Чунин қоидавайронкуниҳо дар роҳ бештар аз ҷониби ронандагон ҳангоми баргузор намудани намози ҷумъа ба қайд гирифта мешаванд. Ин матлабро  сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Акбар ҚУРБОНЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК баён дошт.

Акбар Қурбонзода афзуд, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳар ҳафта бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз байн бурдани тамбашавӣ дар роҳ ва таваққуфи  дурусти мошинҳо  дар назди масҷидҳои ҷомеи пойтахт  сафарбар  мешаванд. Инчунин нисбат ба он ронандагоне, ки қоидаи таваққуфро риоя намекунанд,  санад  тартиб дода шуда, онҳо  тибқи моддаи 346-и КҲМ ҶТ ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар баробари ин мошинҳое, ки нодуруст таваққуф намудаанд ва ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд, тавассути нақлиётии махсуси БДА — эвакуаторҳо ба ҷаримагоҳ бурда мешаванд.

Сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ВКД ҶТ подполковник А. Қурбонзода

Аз рӯи мақоли тоҷикии «шунидан кай бувад монанди дидан» амал намуда,   рӯзи ҷумъа хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар якҷоягӣ  бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ин равандро  дар 4-5 масҷиди ҷомеъ  назорат намуданд. Маълум шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ риояи қоидаҳои  ҳаракат дар роҳ, хусусан ҳангоми намозгузорӣ дар масҷидҳо беҳтар шудааст, аммо бархе аз ронандагон то ҳол дидаву дониста ба қоидавайронкунӣ даст мезананд. Аз ҷумла, назди масҷиди ҷомеъи «Сари Осиё» ронандагон мошинҳояшонро  дар қатори 2 ва 3-юми роҳ гузошта, бо ин амалашон ба ҳаракати дигар воситаҳои  нақлиёт халал мерасонанд. Кормандони патрулии БДА нисбат ба  ронандагоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст задаанд, тибқи қонун чораҳои  зарурӣ андешида,  онҳоро  ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандон ҳам дар навбати худ бояд ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат роҳ надиҳанд, зеро  онҳо бо ин беаҳмиятӣ   ҷони худ ва атрофиёнро  ба хатар мегузоранд.

Хотиррасон  бояд кард, ки дар асоси маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то имрӯз 3088  масоҷид сабти ном шуда, аз ин миқдор  дар 375  масҷид намози ҷумъа  баргузор карда  мешавад. Дар шаҳри Душанбе   19 масҷиди ҷомеъ расман фаъолият  доранд, вале барои сабук кардани рафтуомади шаҳрвандон дар рӯзҳои ҷумъа ба таври иловагӣ ба 19 масҷиди дигар низ иҷозат дода шудааст, ки намози ҷумъаро доир намоянд.

Дар сурати риоя накардани тартиботи ҷорӣ аз тарафи намозгузорон ва ронандагони автомашинаҳо  гаштугузор дар кӯчаҳои атрофи масҷидҳо мушкил шуда, боиси нороҳатии аксарияти сокинони пойтахт мегардад.

Февраль 2, 2020 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд