Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Малайзия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Муҳаммад Ориф Муҳаммад Юсуф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории парлумонӣ байни ду давлат, аз ҷумла таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки табодули боздидҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ба таҳкиму густариши муносибатҳо миёни мамлакатҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар ин замина иброз шуд, ки дар фурсати наздик Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия таъсис дода хоҳад шуд.
Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






