ВКХ Тоҷикистон ва Россия барномаи ҳамкориро барои соли 2020 ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров 24-25 феврали соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Россия боздиди расмӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи сафар музокироти вазирони корҳои хориҷии ду давлат баргузор шуда, дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия 17 апрели соли 2019 ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар доираи сафар Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2020 ба имзо расид.
Акс аз ВКХ ҶТ









Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






