Иқдоми «Авангард» барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар мамлакат шоистаи пайравист

Март 27, 2020 16:06

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи ҷамъиятии ҷавонони «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар баробари додани тавсияҳои муфид   ба ҳамсуҳбатони худ,  ба таври  ройгон  ба онҳо  маводи муҳофизатӣ, аз ҷумла рӯймолчаҳои яккарата, маҳлули безараргардонӣ, ниқоб  ва собун тақдим  намуданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи гурӯҳи «Авангард» Мардихудо Давлат  иброз дошт, ки «мо бо ин икдом хостем дар баландбардории маърифати тиббии аҳолӣ  ҷиҳати  пешгирӣ аз сирояти коронавирус  каме  ҳам бошад саҳм гузорем. Зимни суҳбат бо аҳолӣ  дар бораи хуруҷи ин сироят, роҳҳои пешгирии  он   тавсияҳои мутахассисони соҳаро расонидем.  Имрӯз ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри пешгирии  сирояти коронавирус  талош варзем. Тавсияи мутахассисонро риоя намоем ва дигаронро низ ба он ҳидоят намоем».

«Зеро имрӯз сироятии коронавирус (COVID- 19) бештари давлатҳоро фаро гирифта, садҳо одамон  бар асари он мефавтанд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус  то ба имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин набояд боиси фориғболии мо гардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ». Шаҳрвандони мо аз таҷрибаи дигар давлатҳо дар пешгирӣ аз ин сироят истифода намоянд. Аввали коре, ки онҳо бояд анҷом диҳанд, ин риояи гигиенаи шахсӣ мебошад»,- афзуд номбурда.

Гурӯҳи ҷавонони «Авангар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазор нафар аъзо дорад, ки пайваста миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ анҷом медиҳанд.

Воқеан ҳам барои  дигар ташкилоту муассисаҳои дорои имконоти хуби молӣ  иқдоми мазкур шоистаи пайравӣ мебошад.

Март 27, 2020 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид