Кумитаи иҷроияи ИДМ: Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ Сергей Лебедев аз участкаи интихоботӣ дар Душанбе боздид намуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /аМИТ «Ховар»/. 1 март Раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, роҳбари ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лебедев аз як участкаи интихоботии Душанбе дидан карда, гуфтааст, ки иштироки фаъоли интихобкунандагон аз ҳавасмандии сиёсии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот шаҳодат медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.
Дар интихобот дар маҷмӯъ, беш аз 4,9 миллион нафар сабти ном шудаанд, онҳо метавонанд то соати 20:00 дар 3450 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат овоз диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати мушоҳидон 158 нозир аз ИДМ сабти ном гардидаанд, ки фаъолияти худро тибқи Конвенсия дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқҳои интихоботӣ ва озодиҳо дар кишварҳои узви ИДМ, дигар ҳуҷҷатҳои дар доираи Иттиҳод амалкунанда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни мудохила ба ҷараёни интихобот ва эҳтироми соҳибихтиёрии давлат роҳандозӣ намудаанд.









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






