ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 март, чоршанбе, 85-умин рӯзи соли 2020 аст
25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.
***
6 сол пеш, 25 марти соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии панҷуми Суперҷоми Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаҳои «Равшан»- Кӯлоб ва «Истиқлол»- и Душанбе сабқат намуданд.
***
25 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон омад.
25 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Украина — Рӯзи хадамоти бехатарӣ.
***
Дар Россия – Рӯзи кормандони фарҳанг.
РӮЙДОДҲО:
25 марти соли 2015 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» фаъолият мекунад.
***
25 марти соли 1807 Парлумони Британияи Кабир ғуломфурӯширо манъ кард.
***
125 сол муқаддам, 25 марти соли 1895 дар Москва рӯзномаи «Русское слово» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Бразилия таъсис дода шуд.
***
25 марти соли 1924 Юнон ҷумҳурӣ эълон карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1957 дар Рим дар бораи таъсис додани Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо шартнома ба имзо расид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад