ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 март, чоршанбе, 64-умин рӯзи соли 2020 аст
3 сол пеш, 4 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»- ро ифтитоҳ намуданд.
***
10 сол пеш, 4 марти соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.
4 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Беларус — Рӯзи милитсия.
РӮЙДОДҲО:
4 марти соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал- шаҳри Катманду сафар кард.
***
4 марти соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.
***
6 сол пеш, 4 марти соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии «Тоҷикистон-2014» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсия Россия ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
4 марти соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Япония баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Япония собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Япония бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
***
Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад