Ба Қонун «Дар бораи кино» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки мақомоти масъулро барои пеш аз пахш ё намоиши кино огоҳ намудани тамошобинон оид ба таснифбандии синнусолӣ вазифадор менамояд.
Дар ин хусус вакилони мардумӣ имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Душанбе қарор қабул намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум (солҳои 2015-2020) пешниҳод гардидааст.
Муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бахтовар Сафарзода зимни шарҳи масъалаи мазкур иттилоъ дод, ки лоиҳа бо мақсади такмили қонунгузорӣ пешниҳод шудааст.
Тибқи тағйироти воридгардида, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кино вазифадор мегарданд, ки вобаста ба синну сол ба воситаҳои пахшкунандаи кино – филмҳо ва намоиши онҳо таснифбандӣ муқаррар намоянд.
«Сухан сари он меравад, ки пеш аз пахш ё намоиши кино масъулин бинандаро бояд огоҳ карда, аломатҳои +0, +6, +12, +16 ва +18-ро мувофиқ ба таснифбандии синнусолӣ, ки ба стандартҳои байналмилалии намоиши кино мувофиқат мекунад, гузоранд»,- афзуд Бахтовар Сафарзода.
Ба гуфтаи ин вакили мардумӣ, пас аз қабул шудани қонуни мазкур субъектони алоҳида, ки оид ба намоиш ва пахши кино дар мамлакат ваколатдор мебошанд, уҳдадор мешаванд, ки ё дар ноқили интиқолдиҳандаи кинову филмҳо ва ё ҳангоми пахши онҳо дар як гӯшаи эфир ин аломатҳоро нишон диҳанд.
Дар лоиҳаи муҳокимашуда якчанд тағйироти дорои хусусияти услубӣ, матнӣ ва имлоӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ ба баланд шудани сифати қонуни мазкур ва мутобиқкунонии он ба қонунгузории соҳавӣ мусоидат менамояд.
Бо назардошти ин бо овоздиҳии аксарияти вакилони мардумӣ лоиҳаи қонуни муҳокимагардида қабул гардид. Пас аз гузаштан аз марҳилаҳои дигари қонунгузорӣ ва нашр шудан дар матбуоти расмӣ он мавриди амал қарор мегирад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», ки соли 2004 қабул гардида буд, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар ва принсипу тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 18 модда иборат мебошад.








Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд






