ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Маблағгузории сарикасӣ: ҳадафи ҷорӣ намудани механизми мазкур дар чист?

Апрель 8, 2020 11:31

ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Даҳ сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд. Аз 1 январи соли 2016 ба таври таҷрибавӣ маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои томактабӣ низ оғоз ёфт. Хонандагон аз мо мепурсанд, ки «маблағгузории сарикасӣ» чӣ маънӣ дорад ва ҳадаф аз ҷорӣ намудани он чист?

Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ба сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин МУЗАФФАРОВ муроҷиат намуд.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафи ҷорӣ намудани механизми маблағгузории меъёрии сарикасӣ дар чист?

Бадриддин Музаффаров: Ҳадафи асосӣ  — таъмин намудани тақсимоти боадолатона ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани  самаранокии истифодаи онҳо мебошад.

АМИТ «Ховар»: Чаро «маблағгузории сарикасӣ»? Он чӣ афзалият дорад ва чаро дар Тоҷикистон ин низомро интихоб намуданд?

Бадриддин Музаффаров: Афзалияти маблағгузории сарикасӣ дар он аст, ки ин низом ба муассисаҳои соҳаи маориф барои тақсимоти маблағҳои буҷетӣ тибқи формулаи сарикасӣ ҷудо гардида, ба моддаҳои хароҷотӣ барои эҳтиёҷоти муассиса мустақилияти пурраи молиявӣ  додааст.

АМИТ «Ховар»: Меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ чӣ гуна муайян мешаванд?

Бадриддин Музаффаров: Меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёр барои як хонанда ва як тарбиятгиранда ва меъёр барои нигоҳдории як муассиса барои як сол коркард карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда мешавад.

Дар асоси меъёрҳои тасдиқгардида бо формулаи махсус ҳар як роҳбари муассисае, ки ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштааст, буҷети муассисаи худро ҳисоб карда, ба моддаҳои хароҷоти мувофиқ ба эҳтиёҷоти муассиса барои соли молиявӣ пешбинӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»: Оё рост аст, ки аз соли оянда ба низоми маблағгузроии сарикасӣ тағйирот ворид карда мешавад?  

Бадриддин Музаффаров: Бале. Бояд тазаккур дод, ки низоми маблағгузории сарикасӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ шурӯъ аз соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ»  мавриди амал қарор дода шудааст.  Бо дарназардошти нақшаи чорабиниҳои стратегияи соҳаи маориф барои солҳои 2020-2030 ва нақшаи чорабиниҳои стратегияи ғизои мактабӣ аз соли 2021 ба формулаи маблағгузории сарикасии муассисаҳои зинаи таҳсилоти умумӣ бояд тағйирот ворид карда шавад.

АМИТ «Ховар»: Тавре қаблан зикр намудед, меъёри тақсими маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимии деҳот аз шаҳр фарқ доранд. Оё ин дуруст аст?

Бадриддин Музаффаров: Не, меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ягона мебошанд. Танҳо коэффитсиентҳои махсус барои шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи баландкӯҳ, коэффитсиент барои муассисаҳои дузабона, коэффитсиент барои муассисаҳои дузабонае, ки шумораи хонандагонашон аз 400 нафар кам мебошад, коэффитсиент барои муассисаҳое, ки дар дигар деҳаҳо филиал доранд ва коэффитсиент барои литсей ва гимназияҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар зинаи муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ бори аввал бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»  меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар доираи имкониятҳо ва маблағҳои пешбининамудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои зинаи томактабӣ тасдиқ гардид, ки буҷети буассисаҳои томактабӣ нисбат ба соли 2019  32% афзоиш ёфт.

Тибқи банди 18-и қарори мазкур Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои давлатии таълимиро дар сатҳи ҷумҳурӣ ягона намоянд.

АМИТ «Ховар»:  Тавре зикр намудед,  ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур — таъмин намудани тақсимоти боадолат ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо мебошад. Тӯли фаъолият ин меъёр дар Тоҷикистон   чӣ натиҷа дод?

Бадриддин Музаффаров: Бартарии худро низоми мазкур ҳанӯз соли 2005, вақте он ба таври таҷрибавӣ дар чанд шаҳру ноҳияи мамлакат санҷида шуд, собит намуд. Дар тӯли солҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба низоми сарикасӣ гузаронида шуданд, ҳамаи директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз курсҳои менеҷменти роҳбарӣ дар низоми нави маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуданд.

Директорони муассисаҳои таълимӣ тавонистанд буҷети муассисаи худро, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда мустақилона тибқи моддаҳои хароҷотие, ки муассиса ба маблағгузорӣ эҳтиёҷ дорад, пешбинӣ намуда, мушкилоти доштаашонро бартараф намоянд.

Инчунин низоми мазкур имконият дод, ки барои зиёда аз 3500 ҷойи кории доимӣ дар вазифаи муҳосибони муассисаҳо шароит фароҳам ояд, ки ин яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

АКС аз Амир Исоев/Sputnik

Апрель 8, 2020 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Чин конфронс доир мегардад
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Абубакри Розӣ аз зумраи нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Тоҷикон дар наҳорӣ кадом хӯрокҳоро омода менамоянд?
Вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад
«ПИРЯХҲО-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид
РӮЗИ МОДАР. Дар Душанбе бахшида ба он намоиш-фурӯши китоб доир мешавад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи омоданамоии кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ шуд
Дар Давҳа Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бадахшон ғолибони даври вилоятии фестивал муайян шуданд
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино