«Сиёма» истеҳсоли маҳлули антисептикӣ ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 27.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» дар радифи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ шурӯъ намуд. Маҳлули тиббии антисептикӣ дар зарфҳои ғунҷоишашон 250 мл, 330 мл, 500 мл, 600 мл, 1л, 1,5 ва 5 л пешкаши харидорон гардонида мешавад. Мутахассисону коргарони корхонаи «Сиёма» ҳашт тонна маҳлули тиббии антисептикӣ истеҳсол намуда, пешкаши муштариён гардониданд. Корхона тасмим дорад, ки то анҷоми пандемия дар ҷаҳон тақрибан 10-12 тонна маҳлули тибии антисептикӣ истеҳсол намояд.
Тавре мудири тиҷоратии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» Толибҷон Маҷидов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, тадбири мазкур бо мақсади тақвияти тадбирҳои беҳдоштӣ дар мамлакат дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла «COVID-19», ки хуруҷи он дар ҷаҳон аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемия эълон гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.
Мавсуф афзуд, ки алҳол иқтидори истеҳсолии корхонаи «Сиёма», ки чор намуди маҳсулот, аз ҷумла нӯшобаҳо ва обҳои ташнагишикан истеҳсол менамояд, 25 000000 литр мебошад.
Роҳбарияти ширкати «Сиёма» тасмим гирифтаанд, ки дар оянда маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи «Made in Tajikistan» ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.
Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» моҳи августи соли 2019 дар пойтахт ба фаъолият шурӯъ намуд. Он бо хатҳои истеҳсолии муоcир аз ширкати бонуфузи «Сидел»-и Франсия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар корхона истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Фаъолияти корхонаи «Сиёма» имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад. Зеро корхона фаъолияти худро аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ кардааст.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






