ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, якшанбе, 103-юмин рӯзи соли 2020 аст
12 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
7 сол пеш, 12 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфтанд.
12 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон.
***
Дар Қазоқистон рӯзи кормандони илм.
РӮЙДОДҲО:
12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯрӣ доир намуданд.
***
4 сол қабл, 12 апрели соли 2016 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар дод, ки имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
12 апрели соли 1941 аввалин даҳаи фарҳанги тоҷик дар шаҳри Москва баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1961 кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин аввалин маротиба дар ҷаҳон ба кайҳон парвоз анҷом дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1815 дар натиҷаи оташфишонии вулқони Тамбора беш аз 10 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад