ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, панҷшанбе, 114- умин рӯзи соли 2020 аст
23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ-хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.
***
5 сол пеш, 23 апрели соли 2015 Вазири вақти фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединский дар доираи Ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд.
23 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.
***
Рӯзи забони англисӣ дар СММ.
РӮЙДОДҲО:
23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.
***
23 апрели соли 2015 нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.
***
4 сол пеш, 23 апрели соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.
***
23 апрели соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
23 апрели соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шӯравӣ «Молния-1» ба кайҳон равон карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия нахустин маротиба Намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.
***
Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 107 нафар ҷони худро аз даст доданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад