ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, ҷумъа, 115- умин рӯзи соли 2020 аст

Апрель 24, 2020 08:00

24 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.

***

5 сол пеш, 24 апрели соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин муҳокима гардид.

24 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамраъйии ҷавонон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти лабораторӣ.

РӮЙДОДҲО:

24 апрели соли 2014 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар  дод, ки дар ин рӯз дар Брюссел мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ, нақши Иттиҳоди Аврупо дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» баргузор гардид.

***

24 апрели соли 2014 масоили рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯи  Тоҷикистон ва Корея муҳокима шуданд.

***

5 сол пеш, 24 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе 16-умин намоишгоҳи  байналмилалии низоми маориф доир гашт.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон оркестри камеравӣ таъсис ёфт.

***

24 апрели соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Украина барқарор гардиданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1962 дар ИМА бори нахуст дар дунё интиқоли мавҷи телевизионӣ аз як шаҳр ба шаҳри дигар тавассути моҳвора анҷом дода шуд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Апрель 24, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст