ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 апрел, ҷумъа, 94-умин рӯзи соли 2020 аст
3 апрели соли 2014 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуасини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
5 сол қабл, 3 апрели соли 2015 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар дод, ки дар Душанбе рӯнамоӣ ва азнавбақайдгирии барномаҳо барои Маркази касбии омодасозии кадрҳои Ассотсиатсияи байнахалқии «АВВАТ» ва ҳамчунин ифтитоҳи ин Марказ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, гузаронида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи таслият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср — терроризм таъкид менамоем».
3 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии шабнишинӣ.
***
Рӯзи Сирк дар ИМА.
***
Рӯзи модару кӯдак дар Тайван.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2014 шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.
***
3 апрели соли 1930 дар Сталинобод корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуд.
***
89 сол муқаддам, 3 апрели соли 1931 Муассисаи давлатии бойгонии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заводи Алюминии тоҷик (ТадАЗ) ба Корхонаи давлатии унитарии «Корхонаи алюминии тоҷик» тағйири ном кард.
***
3 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмиз ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1932 ҷарроҳи рус Ю. Вороной дар ҷаҳон нахустин ҷарроҳии ҷобаҷогузории гурдаро гузаронид.
***
Соли 1976 дар Франсия нахустин маросими супоридани ҷоизаи «Сезар» дар самти дастовардҳо дар соҳаи кино баргузор гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад