Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Май 8, 2020 08:00

08.05.2020, шаҳри Душанбе

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!

Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.

Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.

Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.

Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд.

Дар ин раванд, мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.

Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки чанде пештар дар суханрониҳо ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор доштам, аз оғози ҳазораи нав ва махсусан, аз ибтидои соли 2020 вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо сабаби буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, ҳам аз нигоҳи амнияти ҳар як давлат ва бехатарии саломативу ҳаёти шаҳрвандони он нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон хатарноку вазнинтар гардида истодааст.

Яъне имрӯз аҳли башар, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад.

Аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд.

Дар натиҷа мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем. Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд.

Мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем.

Табибон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии бо ин мақсад махсусгардонидашуда барои табобати шахсони бемор шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳар яки онҳо сипосу миннатдорӣ баён мекунам.

Ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ ба савганди касбии худ содиқ мемонанд ва ба халқи Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд.

Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.

Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад.

Як масъалаи муҳимро борҳо гуфтаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва аз риояи талаботи тозагиву беҳдоштӣ вобаста мебошад.

Дар навбати аввал зарур аст, ки тавсияҳои табибон, яъне тозагии дастҳо ва нигоҳ доштани фосила ҳангоми суҳбат ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар хона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳангоми сайру гашт қатъиян риоя карда шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки ин беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад, яъне сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо худи инсон аст.

Бинобар ин, мо бо риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ бояд ҳамеша дар фикри худ ва аҳли оилаамон бошем ва нагузорем, ки вирус, пеш аз ҳама, дар байни аҳли хонадони мо пайдо шавад.

Такрор ҳам шавад, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизамро даъват мекунам, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона заҳмат кашем, барои таъмин намудани рӯзгори худ ва ҳамватанонамон ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол кунем.

Мувофиқи таҳлилу пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баъди сипарӣ шудани мавсими коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, бекорӣ, камбуди ғизо ва болоравии нархҳо вазъият дар ҷаҳон боз ҳам вазнин мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худамонро самараноку оқилона истифода карда, барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ кӯшиш намоем.

Хотирнишон месозам, ки агар мо ба таҳлукаву воҳима афтем, яъне аз вазъи имрӯза ба тарсу ноумедӣ гирифтор шуда, кор накунем ва маҳсулот истеҳсол накунем, зиёни чунин амали мо аз хатару зарари коронавирус бамаротиб бештар хоҳад шуд.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд.

Ҳамчунин, мо бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем.

Ҳамватанони азизи мо бовар дошта бошанд, ки мушкилоти имрӯза муваққатианд ва ҳатман паси сар мешаванд.

Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем.

Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф месозанд ва тамоми нерӯи худро минбаъд низ ба самти ободии Ватани аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибихтиёри хеш сафарбар менамоянд.

Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам.

Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори 75 — умин солгарди ғалаба бар фашизм самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди кишвар саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Ҳафтоду панҷумин солгарди Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Май 8, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид