Дар Хуҷанд ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 доир гардид

Май 22, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз тамоми микроноҳияҳои 3, 8, 12, 31, 32, 33, 34, хиёбони Исмоили Сомонӣ, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, маҳаллаҳои Чашмаи Арзана, Пахтакор, Бофанда, кўчаҳои Қосим Собиров, Камоли Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Содирхон Ҳофиз, Гагарин, 60-солагии Ғалаба, Шарқ, Сирдарё, ҳамчунин таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва 2, тамоми марказҳои саломатии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо пурра тариқи маводи кимиёӣ безарар гардонида шуда, дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Ин нукта дар ҷаласаи    ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус- COVID-19, ки 21 май дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаабой Аҳмазода бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, вакилони вилоятӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид, баён дошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода зикр намуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо ҷиҳати муборизаи беамон алайҳи бемории сироятии нави коронавирус тамоми тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд. Бо вуҷуди тамоюли камшавии ин беморӣ дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он моро зарур аст, ки дар ин раванд ба муборизаи дастаҷамъона идома бахшем.

Ҳамзамон Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 Маъруф Муҳаммадзода доир ба корҳои анҷомдода гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои роҳбарияти вилояти Суғд тамоми тадбирҳои зарурии ташкилиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи коронавирус андешида истодааст. Вобаста ба ин, дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ситоди доимоамалкунанда аз ҳисоби мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуда, ҳамарўза кор бурда истодааст. Телефонҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии коронавируси COVID-19 шабонарӯзӣ фаъол буда,  дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, тариқи телефонҳои боварӣ ба шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд.

То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои харидории воситаҳои фардии муҳофизатӣ ва маводи безараргардонӣ 100 ҳазор сомонӣ ва барои харидории корҷомаҳои муҳофизатӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз худ карда шуд. Айни ҳол дар маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд миқдори зарурии маводи зарурии безараргардонӣ захира карда шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки аз ҷониби корхонаҳои истифодаи манзили соҳили чап ва рости шаҳр дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, ҷиҳати ҷоннок намудани кор барои 22 маҳаллаи шаҳр барои гузаронидани корҳои безараргардонии кӯчаҳои байни маҳаллаҳо таҷҳизоти Автомакс харидорӣ гардид. Давоми як моҳи безараргардонӣ ба миқдори 3500 килограмм маҳлули безараргардонии гипохлориди натрий, 120 килограмм гипохлориди калсий, 5000 литр гипохлориди натрии 10% истифода гардида, зиёда аз 1 миллион метри мураббаъ кӯчаву хиёбонҳо, 108 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва 84 ҳазор метри мураббаъ даромадгоҳҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ пурра безарар гардонида шуданд.

Зикр гардид, ки дар 53 участкаҳои интихоботӣ бо ҷалби мутахассисони тибби оилавӣ ва масъулини соҳа нуқтаҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шуда, ҳамарӯза ба ин нуқтаҳо аз 150 то 200 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда ба онҳо сари вақт ёрии амалии тиббӣ расонида мешавад. Дар боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои серодами шаҳр, аз ҷумла Боғи Камоли Хуҷандӣ, Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар Маркази шаҳр баландгўякҳо бо пахши барномаҳои радиои маҳаллӣ ташкил карда шуда, ҳамарўза ҳар 15 дақиқа ба шунавандагон тавсияҳои мутахассисони тиб оид ба пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 расонида шуда истодааст. Чунин роликҳои тарғиботӣ инчунин дар марказҳои калони савдо ва бозорҳо низ ташкил шуда, ба самъи сокинон расонида шуда истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои марбутаи вилоят барои вусъати корҳо, самаранок ба роҳ мондани мубориза алайҳи бемории коронавирус дар байни аҳолӣ, хусусан корҳои фаҳмондадиҳӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ба корандозии корхонаҳои саноатӣ бо риояи корҳои беҳдоштӣ, фаъолгардонии саҳми раисони маҳаллаҳо баҳри мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, ҷалби вакилони шаҳриву вилоятӣ ба амалҳои хайру савоб, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, нақши ҷавонон дар саҳмгузорӣ дар ободии Ватан дода шуд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқ қарор дошта, ба муқобили ин беморӣ мубориза мебаранд.

Май 22, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад