ГӮШАНИШИНӢ Ё ҲАЁТИ МУҚАРРАРӢ? Тавсияи вирусолог ва ҳуқуқшиноси тоҷик дар бораи чӣ кор кардани одамоне, ки ба COVID-19 гирифтор шудаанд
ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар хона мондан ва канор будан аз дигарон, аз ҷумла наздикону пайвандон, — чунин тавсия медиҳад роҳбари кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба шахсоне, ки гирифтори коронавирус шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, давраи гӯшанишинӣ аз мураккабии шакли беморӣ вобаста аст. Шахсе, ки шакли муътадил ё мураккаби коронавирусро аз сар гузаронидааст, мебояд дар гӯшанишинӣ бештар истад. Вирусшинос инро ба он алоқаманд мекунад, ки бо ин шаклҳои беморӣ вирус аз роҳи нафаскашии болоӣ ба поёнӣ рафта, дар онҷо муҳлати зиндамониаш дарозтар мешавад. «Ба шахсоне, ки гирифтори коронавирус шудаанд, тавсия дода мешавад, ки давоми 2 ё 3 ҳафта бо одамони солим тамос нагиранд», — тавсия медиҳад мутахассис.
Дар ҳамин ҳол, Саидбек Сатторов тавзеҳ медиҳад, ки имрӯз андешаҳои мутахассисон дар бораи он, ки одамони гирифтори коронавирус бояд чӣ гуна тарзи ҳаёт баранд, мухталифанд. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки одамони гирифтори коронавирус барои дигарон бехатар мебошанд ва дигарон мегӯянд, ки муддати муайян онҳо интиқолдиҳандаи ин беморӣ боқӣ мемонанд.
Бояд тазаккур дод, ки 20 май 470 нафаре, ки гирифтори коронавирус буданд, аз муассисаҳои тиббии Тоҷикистон пас аз табобат ва сиҳат ёфтан рухсат дода шуданд.
Имрӯз ҳазорон табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар хидмати мардуми Тоҷикистон ҳастанд, шабу рӯз ҷони худро дар хатар гузошта, зидди ин беморӣ мубориза мебаранд ва ба хотири наҷот додани шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу таҷрибаи касбии худро сафарбар мекунанд.
Барои пешгирии паҳншавии коронавирус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон риояи қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, масофаи иҷтимоӣ ва ғизои дурустро тавсия медиҳад.
Доир ба андешаҳои имрӯз дар ҷомеа паҳнгардида дар бораи он ки гӯё аксарият то пайдоиши коронавирус дар мамлакати мо ба он гирифтор шуда бошанд, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов зикр кард, ки ин ба гумон аст. Агар одамон қаблан аз коронавирус, тавре баъзеҳо мегӯянд, дар моҳи январ сироят меёфтанд, пас тасвири паҳншавии босуръат ва оқибатҳои он, ки имрӯз мешоҳида менамоем, он замон дида мешуд. “Одамон набояд гумроҳ шаванд ва бо умеди аллакай аз сар гузаронидани коронавирус ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Тавсияҳои табибонро бояд ҳама, бидуни истисно, риоя намоянд. Имрӯз табибон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Онҳо шабу рӯз талош меварзанд, ки ҳаёти одамонро наҷот диҳанд, мо низ бояд саъй кунем, ки ҷони онҳоро наҷот диҳем ва дар ин ҳолат беэътино набошем», — афзуд ӯ.
Дар робита ба ин савол ба миён меояд, ки оё корфармо ба корманди худ дар он рӯзҳое, ки ӯ дар гӯшанишинӣ қарор дорад, бояд музди кор диҳад? Ба ин савол сардори Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмурод Муродзода посух дод.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба корманди бемор бояд варақаи беморӣ, яъне муваққатан корношоямӣ дода шавад, ки он бояд ба ҷои кор пешниҳод гардад. «Пас аз баромадан аз беморхона, шахс метавонад дар муддати муайян дар табобати амбулаторӣ бошад, ки он низ дар варақаи корношоямӣ нишон дода мешавад. Давомнокии табобати амбулаторӣ аз ҷониби табиби ҳузурдошта муайян мегардад. Агар корманд пас аз хотима ёфтани варақаи корношоямӣ, муддате дар хона монд ва саломатии худро барқарор кард, ин давра бояд пардохта шавад ё на, инро тарафҳо ҳал мекунанд», — тавзеҳ дод Д. Муродзода.
Дар ин маврид Дӯстмурод Муродзода тавсия медиҳад, ки аз рӯи имконият дар асоси меъёрӣ-заминавӣ рухсатии бомузд ё бемузд гирифта шавад.
Бояд гуфт, ки карантин ва гӯшанишинии ҳамагонӣ дар кишвари мо ба таври расмӣ эълон нашудаанд.








20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд






