Имрӯз 194 шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 23 май, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии СOVID-2019 дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз аз Туркия 194 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.
Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ шаҳрвандони гиромиро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






