НИҚОБ БО ОБИ НУҚРА. Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба истеҳсоли он шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо муассисаи «Маърифатпарвар» ба истеҳсоли ниқобҳои яккарата ва бисёркаратаи тиббӣ оғоз намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Фирдавс Наҷмиддинов иттилоъ дод, дар ниқобҳои мазкур оби нуқра истифода шуда, он бо тавсияи Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Ҳоло барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ 30 нафар донишҷӯён, муаллимон ва дӯзандаҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, дар як шабонарӯз 10 ҳазор адад ниқоб истеҳсол менамоянд. Ниқобҳои омодашуда ба кормандони Донишкада, Ҳукумат ва сохторҳои қудратии шаҳри Панҷакент ройгон тақсим шуда, боқимонда дар дорухонаҳои шаҳр бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда шудаанд.
«Айни ҳол 50 ҳазор ниқоб омода буда, дар коргоҳ асосан ду навъи ниқобҳои тиббӣ: яккарата ва бисёркарата бо изофаи маҳлули нуқра омода мешаванд. Дар оянда нақша дорем, ки шумораи кормандонро дар ин самт зиёд кунем»,- гуфт Фирдавс Наҷмиддинов.
Ба зикри номбурда, ниқоби тиббии аз оби нуқра омодашуда давоми 24 соат одамро аз бемориҳои тавассути роҳҳои нафас сироятшаванда эмин нигоҳ медорад. Инчунин ҳангоми шустан ва дарзмол намудани ниқоб нуқра қобилияти муҳофизатии худро гум намекунад.
Технологияи мазкур таҳти роҳбарии Президенти Академияи миллии илмҳои мамлакат Фарҳод Раҳимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, баъд аз тавсия додан истеҳсоли ниқобҳо роҳандозӣ шудааст.








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






