ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд музди меҳнати якрӯзаро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб бахшид
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, кумитаҳои саҳавӣ ва фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоят иқдом гирифтаанд, ки музди меҳнати якрӯзаи худро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ва пешгирии ин бемории марговар ба суратҳисоби “Фонди хайрия” ирсол намоянд. Шӯро ба аъзои иттифоқҳои касабаи вилоят, соҳибкорон ва коргарони тамоми соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят муроҷиатнамуданд, ки ин иқдомро дастгирӣ намоянд. Матни пурраи муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро пешкаши хонандагон мегардонем:
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар охирҳои соли 2019 бемории сироятии вируси тоҷдор (COVID-19) пайдо гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирии паҳншавии ин беморӣ саҳмгузор мебошад.
Ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми тадбирҳоро барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ меандешад.
Мусаллам аст, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва ноҳияҳо вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимамалкунанда фаъолият дорад ва аз рӯи нақшаи хоса амал мекунад. Дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Барои аҳолии мамлакат ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст ва бовар дорем, ки ин бемории сироятиро бо зарари кам аз сар мегузаронем. Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, аз кулли ҳамкорону ҳамсафон ва мардуми вилоят хоҳиш дорем, ки пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд. Аз волидайн даъват мекунем, ки ба фарзандони худ назоратро дучанд намоянд то дар ҳама ҷо, чӣ дар хона ва чӣ берун аз тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад.
Кормандони соҳаи тиб дар сафи пеши мубориза барои пешгирӣ, муолиҷа ва аз байн бурдани ин бемории хавфноки сироятӣ қарор доранд. Илова бар ин тибқи иттилои расмӣ, дар маркази вилоят ва тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят муассисаҳои соҳаи тандурустӣ омода гардида ба қабул ва муолиҷаи беморон шабонарӯзӣ машғул мебошанд.
Мо итмонони комил дорем, ки бо раҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои шабонарӯзинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ин душворӣ сарбаландона бартараф карда мешавад. Ҳама гуна душворӣ мардумро муттаҳид менамояд ва маҳз дар чунин ҳолатҳо дароз намудани дасти мадад анъанаи неки аҷдодонамон мебошад.
Суратҳисоби “Фонди хайрия” шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд:
Суратҳисоб: 20204972422033300263
Ҳисоб: 22402972000002
РМБ 350101800
РМА 510008164
СХМ Вазорати молия
Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






