Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ифтитоҳи Маркази ташхиси тиббӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коллеҷ нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла хилъатҳои яккарата ва бисёркаратаи корхонаи ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа», маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои бисёркарата ва айнакҳо, ки барои мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ истифода мегарданд, диданд карданд.
Бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Бохтар» аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, 45 синфхона, китобхона, толори маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави муассисаи таълимӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани чунин имконияти мусоиди илмомӯзӣ масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳати тандурустӣ вазифадор намуданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус равона намуда, бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ, ки бойгарии асосии давлат аст, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода менамояд.
Фармоишгари бинои иловагии таълимӣ худи Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар” буда, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ва ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расонида шудааст.
Дар ин муассисаи таълимӣ 86 нафар фаъолият менамоянд, ки 62 нафари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд. Бо бунёд шудани ин бинои хуштарҳу замонавӣ барои донишҷӯён бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, синфхонаи барҳавои компютерии пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет ва дигар айёниятҳои зарурии таълимӣ шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам гардид.
Бояд гуфт, ки дар ин бинои навбунёди таълимӣ асосан донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 таҳсил мекунанд.
Онҳо аз рӯйи 7 ихтисос, аз ҷумла кори момодоягӣ, кори фармасевтӣ, табобатӣ, кори ҳамширагӣ ва ҳамширагӣ дар косметология баъд аз хатми синфи 11 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз рӯйи ихтисосҳои кори ҳамшигарӣ ва фармасевтӣ низ баъд аз хатми синфи 9 мутахассис омода мегардад.
Дар бинои навсохти таълимӣ 720 донишҷӯ дар як баст таҳсил намуда, мӯҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва назорати пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои мазкур камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст.
Дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи бино корҳои ободонӣ гузаронида шуда, иншоот ба симои маркази шаҳри Бохтар ҳусни тоза зам кардааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






