Соҳибкор Тавалобек Мазамбеков ба табибони Бадахшон кумак намуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор Тавалобек Мазамбеков тасмим гирифт, ки дар ин рӯзҳои барои мардум мушкил ба табибони беморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки барои солимии сокинони вилоят содиқона хизмат менамоянд, дасти кӯмак дароз намояд. Номбурда, ки соҳибкори муваффақ аст ва ба мурғпарварӣ машғул мебошад, ба табибон маводи хӯрока, аз ҷумла тухми маҳаллӣ дастрас намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Номбурда сокини деҳаи Рожи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Соҳибкор иброз дошт, ки паҳншавии коронавирус тамоми дунёро ба ташвиш овардааст ва беморону табибони ҷумҳурии мо низ ба дасггирии моддию маънавӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, кӯмак намудан ба беморон ва табибон, ки ҷони худро ба даст гирифта, бо ин бемории сироятӣ мубориза мебаранд, хеле муҳим мебошад»,-афзуд манбаъ.









Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






