ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 май, душанбе, 132-юмин рӯзи соли 2020 аст

Май 11, 2020 08:00

11 майи соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар карда, бо кори як зумра хоҷагиҳои намунавии боғутокпарварӣ шинос шуданд.

***

4 сол пеш, 11 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният, фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби «Халқи тоҷики ман»-и Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов, ки чанд сол қабл вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, баргузор гардид.

11 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Лаос — Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии технология.

РӮЙДОДҲО:

11 майи соли 1936 дар Тоҷикистон ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таъсис дода шуд.

***

11 майи соли 2010 дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА варзишгарони ҷавони тоҷик дар 17-умин Чемпионат оид ба самбои ҷангӣ ва варзишӣ (тарзи озод) се медал ба даст оварданд.

***

8 сол пеш, 11 майи соли 2011 Шабакаи телевизионии «Моя Планета»-и Россия ба намоиш гузоштани аввалин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Тоҷикистонро оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» ҷаласаи 39-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баргузор гардид.

 ***

8 сол пеш, 11 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе фестивали дуюми автомобилии ҷумҳуриявии «Авто Ретро Душанбе» доир гардид.

***

11 майи соли 1949 Исроил ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид ворид шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин китоби ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи нависандаи машҳур Шарлотта Бронте «Ҷейн Эйр» баргузор гардид.

***

Соли 1928 дар Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон пахши мунтазами телевизион ба роҳ монда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 11, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст