Вазорати кишоварзӣ: «Бигроза» ва «Ред скарлет» вориди Тоҷикистон шуданд

Май 19, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини хоҷагиҳо ба воситаи Фонди Оғохон ба ҷумҳурӣ 509,28 тонна тухми репродуксионии навъи «Бигроза» ворид намуда, ба хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118,780 тонна, Хатлон 75,50 тонна, Бадахшон 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намуд. Дар  ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Инчунин аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО ООН) ба мамлакат 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ворид гардид, ки 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт фиристода шуд.

Ин тадбирҳои саривақтӣ имконият фароҳам оварданд, ки ба ҳолати 13 майи соли равон дар ҷумҳурӣ 250 88 га кишти картошка гузаронида шавад, ки тибқи нақшаи дурнамо 63,9 % -ро ташкил медиҳад.

Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагидорони мамлакат тавсия медиҳад, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар порча замин саҳми арзанда гузоранд. Зеро ҳеҷ кас монанди деҳқон забони замин, набзи замин ва талаби заминро дарк карда наметавонад.

Май 19, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд