ВМКБ: ба деҳқонон дар шудгори замин ва ҷамъоварии ҳосил кумак мерасонанд
ХОРУҒ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» Маркази хизматрасонии техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ин навбат бо 6 адад техникаи соҳаи кишоварзӣ таъмин намуд. Бо мусоидати маркази мазкур заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигии сокинони деҳоти вилоят бо сифати баланд ва сари вақт шудгор мегардад. Ҳамчунин бо истифода аз техникаҳои гуногуни кишоварзӣ онҳо заминро нарм намуда, картошка мешинонад ва дар фасли тирамоҳ онро ҷамъоварӣ мекунанд. Маркази хизматрасонии техникӣ бо воситаи комбайн ҳамчунин алаф ва ғаллаи деҳқононро ҷамъоварӣ намуда, меҳнати онҳоро боз ҳам осон мегардонад.
Тавре сардори Маркази хизматрасонии техникии КВД «Тоҷикагролизинг» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зокир Қурбонҷонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «Марказ тирамоҳи соли гузашта бо дастгирии молиявии КВД «Тоҷикагролизинг» ба бунёди бинои дуошёна, анбори нигоҳдории мошинолот ва маркази таъмири техникаи кишоварзӣ оғоз намуда, дар ояндаи наздик онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад».
Айни замон маркази мазкур дар ихтиёри худ 40 трактор, ду комбайн, 24 гандумдаравак, 16 алафдаравак, 44 плуг, 6 картошкашинонак, як эксватор, ду кулухзанак ва 3 боркунаки фронталӣ дорад. Дар чанд соли охир базаи техникии Маркази хизматронии вилоят мукаммал гардида, аксарияти корҳои саҳроӣ, кишту кор дар деҳоти вилоят маҳз бар зиммаи он гузошта шудааст.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






