ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Данғара сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятӣ бо суръат ҷараён дорад

Июнь 30, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятии панҷошёна барои 200 кат бо суръат ҷараён дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Бино ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 27 июн соли равон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз беморхонаи мазкур дидан намуд.

Раиси вилоят ба аҳамияти зиёд доштани бунёди беморхонаҳои бемориҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сироятии нави коронавирус таъкид намуда, ба масъулин ҷиҳати пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба истифода додани он дастур дод.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода буданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи бемориҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2021 ба анҷом мерасад.

Июнь 30, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд