Бадахшон: Кормандони масъули ШБДА амалиёти «Автобус» гузаронданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Аз 5 то 15 июни соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Автобус», ташкил ва гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти «Автобус» дар қаламрави вилоят гузаронида шуда, кормандони масъули ШБДА РВКД дар ВМКБ барои иҷрои саривақтии он бо ҷамъияти мусофирбари дорои масъулияташ маҳдуди «Алитехникс», дар шаҳри Хоруғ ва ронандагони он суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби ронандагон идоракунии нақлиёт бе ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва интиқол додани мусофирони бе ниқоб инчунин ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳҳо, ки аз тарафи ронандагони нақлиёти мусофирбар содир мешаванд, роҳандозӣ карда шуд.
Барои мунтазам безараргардонии воситаҳои нақлиёт бо маҳлулҳои антисептикӣ ва гипохлорид барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, ба ронандагон тавсияҳои муфиду саривақтӣ дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар навбати худ ронандагон бояд бо ниқоб ва дар автомашинаҳои худ маҳлулҳои антисептикӣ дошта, ба интиқол додани мусофирони беникоб дар автомашинаҳо роҳ надиҳанд.
Амалиёти «Автобус», баҳри пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт дар ҷамъиятҳои мусофирбар, терминалҳо, корхонаю муассисаҳои нақлиётӣ ва ғайра минбаъд низ дар қаламрави ВМКБ то санаи 15 -уми июн гузаронида мешавад.










АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






